Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Атлантис" имрӯз роҳии Замин мешавад


Киштии амрикоии “Атлантис” бояд имрӯз аз Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба Замин баргардад. Роҳи бозгашти ин киштӣ ду рӯзро дар бар хоҳад гирифт.
Шаш узви ҳайъати “Атлантис” ба 6 фазонаварде, ки дар Истгоҳи кайҳонӣ боқӣ мемонанд, хайрбод гуфта, ба роҳи сафар баромаданд. “Атлантис” дар соатҳои наздик аз Истгоҳи кайҳонӣ канда мешавад. Дар байни фазонавардоне, ки бармегарданд, Рандӣ Бресник ҳам ҳаст, ки хабари таваллуди духтарашро дар кайҳон шунид.
XS
SM
MD
LG