Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико паймони Оттаваро имзо нахоҳад кард


Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама паймони байналмилалии Оттаваро, ки ҳанӯз 10 сол пеш имзо шуда, истифодаи минаҳои зиддиафродро манъ кардааст, тасвиб нахоҳад кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Ян Келлӣ гуфт, маъмурияти феълӣ қарор кардааст, сиёсати мавҷуда дар бахши минаҳои зидди афродро ба қувваи худ боқӣ гузорад.
Паймони Оттава соли 1999 ба имзо расида, истифода, нигаҳдорӣ, тавлид ва фурӯши минаҳои зидди нафарро манъ мекунад. То кунун ин паймонро 156 кишвар, бо шумули Тоҷикистон, имзо кардаанд. Аммо қудратҳои бузурге, чун Амрикову Русия ва Ҳинду Чин то ҳол зери он имзо нагузоштаанд.
Ян Келлӣ аммо гуфт, Амрико мехоҳад нозирони худро ба анҷумани ҳафтаи оянда дар Картагенаи Колумбия, ки иҷрои паймони зидди минаҳоро баррасӣ хоҳад кард, бифиристад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG