Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъкиди Бердимуҳаммадов ба тавсиъаи сохтмон


Раисиҷумҳури Туркманистон хостори бунёди 240 бинои ҷадид ва такмили роҳи оҳане шуд, ки кишварашро бояд соли оянда бо Эрону Қазоқистон бипайвандад. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ба ин манзур дар будҷа 12 миллиард доллар ҷудо шудааст. Феҳрасти иншооте, ки соли оянда бояд сохта шаванд, осоишгоҳи сайёҳии Аваза дар соҳили дарёи Хазар, як фурудгоҳи нав, чандин пулу осорхона ва фермаҳои асппарварӣ ва ҳамин тавр, 240 бинои истиқоматӣ ва корхонаҳои тавлиди семент ва нуриҳои минералиро дар бар мегирад. Бердимуҳаммадов бахусус ба тавсиъаи сохтмон дар пойтахти Туркманистон таъкид кард ва гуфт, Ишқобод бояд ба яке аз беҳтарин шаҳрҳои дунё табдил биёбад.
XS
SM
MD
LG