Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди хунин дар ағбаи Хайбар


Мақомоти низомии Покистон мегӯянд, нирӯҳои ин кишвар дар ҷараёни амалиёти хунсо кардани гурӯҳҳое, ки барои таъмини нирӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон халал эҷод мекард, 18 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Фазл-ур-Раҳмон, сухангӯи як воҳиди шибҳанизомии Покистон гуфт, нирӯҳои артиш як пойгоҳи ҷангиёнро забт карда, аз ин минтақа миқдори бузурги аслиҳаву муҳимот ба даст овардаанд. Ин задухӯрд дар ағбаи Хайбари Покистон, як масири умдаи таъмини нирӯҳои Амрико дар Афғонистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG