Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи ҷузъиёти оғози ҷанги Ироқ дар Бритониё


Нахустин муҳокимаи фарогири нақши Бритониё дар ҷанги Ироқ дирӯз бо бозпурсиҳое оғоз ёфт, ки дар бораи ҳанӯз ду сол қабл аз оғози ҷанги Ироқ ба чунин низоъи эҳтимолӣ омодагӣ гирифтани Амрико ҳадс мезананд. Бархе шоҳидон дар ҷараёни ин бозпурсиҳо гуфтанд, ки бархе дар маъмурияти Амрико алакай ду сол пеш аз шурӯъи ҷанги Ироқ зарурати суқут додани давлати Саддом Ҳусайнро пазируфта буданд.
Ҳайъати панҷнафарии қазоия бояд мансабдорони собиқ ва мақомоти давлатиро бозпурсӣ кунад. Яке аз нафарони калидие, ки интизор меравад, ба ин бозпурсӣ ҳозир хоҳад шуд, сарвазири собиқ Тонӣ Блейер аст. Блейер бо оғози ҷанг дар соли 2003 ба Ироқ ҳудуди 45 000 нирӯ фиристода буд.
XS
SM
MD
LG