Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ ба Душанбе 20 миллиони дигар медиҳад


Бонки ҷаҳонӣ мехоҳад дар баҳори соли оянда ба хотири пуштибонии будҷаи давлатии Тоҷикистон 20 миллион доллар кӯмак ҷудо кунад. Лука Барбоне, мудири Бонки ҷаҳонӣ дар умури иқтисодии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ин мавзӯъ ва роҳҳои идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистонро ахиран бо намояндагони вазоратхонаҳои иқтисодии ин кишвар баррасӣ кардааст. Барбоне ҳамчунин бо ҷараёни ботил кардани қарзҳои аз солҳои пеш меросмондаи хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон аз наздик ошно шудааст. Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорони умдаи иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз соли 1993 ба ин сӯ ба Душанбе ба маблағи умумии қариб 500 миллион доллар қарзу кӯмак расондааст.
XS
SM
MD
LG