Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имсол як миллион тоҷик ба Русия сафар кардааст


Бино бар омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, тайи 10 моҳи соли равон 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон вориди қаламрави Русия шудааст.
Ин дар ҳолест, ки омори расмии Душанбе шумори муҳоҷирони ба хотири кор ба Русия рафтаро дар сол дар ҳудуди аз 400 то 600 ҳазор нафар рақам мезанад.
Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷамъи хориҷиёнеро, ки имсол ба ин кишвар сафар кардаанд, 13 миллион нафар баршумурдаст. Ва ин дар ҳолест ки квотаи расман барои нирӯи кории хориҷӣ иҷозатдодаи давлати Русия 3 миллиону 800 ҳазор нафар буд, ки баъдан ба иллати бӯҳрони молӣ қариб ду маротиба – то ҳадди 2 миллион нафар коҳиш дода шуд.
XS
SM
MD
LG