Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи мошинҳои узбакистониро ба Русия бастанианд


Се ширкати бузурги мошинсозии Русия, бо шумули ГАЗ ва АвтоВАЗ дар номае аз сарвазири он кишвар Владимир Путин хостаанд, воридоти мошинҳои сохти ширкати амрикоии “Ҷенерал Моторс”-ро, ки дар Узбакистон ҷамъу баст мешаванд, маҳдуд кунанд. Ин иқдом дар посух ба имтиёзотест, ки давлати Узбакистон ба корхонаҳои мошинсозии “ҶМ” қоил шудааст. “Ҷенерал Моторс” феълан дар Узбакистон ба ҷамъу басти анвоъи мухталифи мошинҳои “Шевроле” ва “Деу” машғул аст ва дар бозори Русия ба хусус “Нексия”-ҳо ва “Матиз”-ҳои сохти Узбакистон пурфурӯш будааст.
XS
SM
MD
LG