Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Атриёнфар аз маҳбас


Тоҷири маъруфи эронӣ Муҳаммад Атриёнфар бо пардохти гаравпулӣ ба маблағи ним миллон доллар аз маҳбас раҳо шуд. Атриёнфар баъд аз тазоҳуроти моҳи июн ба думболи эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар “фаъолияти зиддиҳукуматӣ” айбдор шуда буд. Ба иттилоъи хабаргузории ИРНА, Атриёнфар бо ҳукми додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ ба сафи гурӯҳи тоҷирони наздик ба раисиҷумҳури пешини Эрон Муҳаммад Хотамӣ шомил аст. Атриёнфар баъди он маҳбасро тарк намуд, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурд.
XS
SM
MD
LG