Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду нафари муттаҳам дар заҳролудсозии кудакон


Дар Чин ду нафар, ки қаблан аз сӯи додгоҳ дар заҳролуд сохтани кудакон бо шири олудаи меламин муттаҳам шуда буданд, эъдом шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, аз шири тавлиди ширкати “Санлу” тайи беш аз як сол - аз моҳи июли соли 2007 то моҳи августи соли 2008, тақрибан 300 ҳазор кудакон заҳролуд шуда, шаш нафарашон аз олам даргузаштанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 21 нафар маҳкум ба зиндон шуданд, аз ҷумла, додгоҳ раиси ширкати “Санлу”-ро ба ҳабси абад маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG