Пайвандҳои дастрасӣ

Силвио Берлусконӣ ба Белорус сафар мекунад


Силвио Берлусконӣ, сарвазири Италия, рӯзи душанбеи оянда ба Белорус сафар хоҳад кард. Дар ин бора сафири Италия дар Минск ба хабарнигорон иттилоъ дод. Берлусконӣ нахустин раҳбари ғарбӣ хоҳад буд, ки тайи беш аз 10 соли ахир аз Белорус дидан мекунад.
Соли равон раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба Италия сафар карда буд ва ин нахустин сафари ӯ ба Аврупои ғарбӣ баъд аз мунҷамид шудани таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо буд. Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба нақзи ҳуқуқи башар дар Белорус ҷорӣ шуда буданд ва ахиран Брюссел мӯҳлати мунҷамид боқӣ мондани онҳоро барои боз як соли дигар тамдид кард.
XS
SM
MD
LG