Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи 24-уми ноябр, гурӯҳи ҷавонон парчами миллии Тоҷикистонро, ки 90 метр дарозӣ дошт, рӯйи даст аз назди Қасри раёсати ҷумҳур то назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бурданд.

Ин манзараи шукӯҳмандро ҳама бо чашмони худ медиданд ва якдигаррро бо рӯзи парчами миллӣ табрик мекарданд.

Баъзе аз сокинони пойтахт дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз парчам ба унвони рамзи аслии давлатдорӣ ёд карданд, аммо баъзеи дигар
Ин рӯз бояд таҷлил шавад ва ҷавонон аҳамияти ин муқаддасотро донанд...
фурсат надоштанд, ки ҳатто таассуроти худро аз Рӯзи парчами миллӣ баён кунанд.

Бо ин вуҷуд, Раҳматулло, ронандаи як мусофирбар дар Душанбе, парчамро рамзе донист, ки миллатро муаррифӣ мекунад: “Парчам ба ҳар лафзе баён мешавад. Яке ливо мегӯяд, дигаре байрақ ё алам. Парчами миллӣ ифтихори миллат аст. Миллат ба парчамаш шинохта мешавад. Вагарна бе парчам дар миёни ин давлатҳо аз куҷо медонӣ, ки ин кадом давлат аст”.

Оқои Раҳматулло дар идомаи сӯҳбаташ ба ҷузъиёти бештари парчами Тоҷикистон ҳам пардохт ва гуфт, ки таҷассуми ҳафт ситора ба рӯйи ин парчам беҳуда нест: “Парчами мо рамзи ҳафт ситора дорад. Ҳафт ин рақами муборак аст ва ҳафт сайёраи муқаддасро дар атрофи Тоҷикистон ба ҳам овардааст”.

Як ҳамроҳи Раҳматулло низ ба сӯҳбати мо пайваст ва дар навбати худ аз таҷлили парчам дар Тоҷикистон истиқбол кард. Вай гуфт, дар гузашта тоҷикон ва мардуми кишварҳои дигар низ ба парчам эҳтироми хос доштаанд: “Ин рӯз бояд таҷлил шавад ва ҷавонон аҳамияти ин муқаддасотро донанд. Зеро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ парчами Шӯравиро то Рейхстаг бурда буданд ва то кунун он дар осорхонаи Маскав нигаҳдорӣ мешавад”.

Иди парчами миллӣ ҳамзамон дар дили ҳазорон ҷавони тоҷик оташи ифтихори миллиро барангехтааст. Ҳумайрои Бахтиёр, як сокини Душанбе мегӯяд, ҳарчанд барои таҷлил аз ин ид омода набуд, аммо хуш аст, ки замони ифтихор аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон ҳам фаро расидааст: “Ин аввалин рӯз аст, ки мо ин ҷашнро таҷлил кардем. Аз нигоҳи ман хуб аст, ҳамчун як сокини Тоҷикистон”.

Рӯзи парчами миллӣ, ки акнун чанд рӯз аст барномаи шабакаҳои телевизиони далатиро банд нигоҳ медорад, ахиран аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуд. Акнун қарор аст, ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ба унвони рӯзи парчами миллӣ таҷлил шавад.

Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки як рӯз пештар аз ҷашни парчами миллӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ сокинони кишварро табрик мегуфт, ҳадафи таҷлил аз парчамро эҳтиром ба муқаддасоти кишвар арзёбӣ кард.

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин парчам ҳанӯз 17 сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои олии Тоҷикистон қабул шудааст.

Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик, ҳарчанд нахост, баҳсҳо дар атрофи қабули парчами миллӣ дар 17 соли пешро ба ёд оварад, аммо нақши парчам дар давлатдориро муҳим донист: “Парчам хислати ба ваҳдатоваранда ва барои мақсаду ҳадафҳояш сафарбаркунандагиро дорад. Ҳам дар лаҳзаҳои шодиву ғам ва ҳам дар ҳолатҳои расмӣ истифода бурдани парчам рамзӣ аст, вале хислати таъсиррасонӣ дорад”.

Дар ҳамин ҳол, Адаш Истад, нависандаи тоҷик, ки борҳо аз нокомилии нишони давлатии Тоҷикистон танқид карда, ба унвони раисҷумҳур нома ҳам навишта буд, аммо аз парчами кишвар тавсиф кард: “Гуфтан мумкин аст, ки як дирафши бехато ва мувофиқ ба менталитети тоҷикӣ аст. Дар ин парчам тоҷу ҳафт ситора таҷассум ёфтааст. Ҳарчанд ин тоҷ тоҷи ориёӣ нест, лекин ҳафт ситора хато нест. Зеро ҳафт ситора дар оини митроӣ, яъне ориёӣ рамзи аслӣ ба ҳисоб мерафт”.

Бо ин ҳол, парчам яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон аст, ки бидуни мушкил аз фурӯшгоҳҳои кишвар ҳам метавон дарёфт ва харидорӣ кард. Ва бо истифода аз ин фурсат солҳои ахир бештари сокинон парчами ин кишварро дар худравҳояшон насб карда, ба навъе ба муқаддасоти миллии кишвари худ арҷ мегузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG