Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони афғон дар фасод гумонбар мешаванд


Дар Афғонистон се вазири феълӣ ва 12 вазири собиқ дар ришвату фасод гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора имрӯз Додситонии кулли Афғонистон хабар дод ва аммо аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ намуд. Имрӯз сухангӯи раисиҷумҳур Ҳомид Карзай иттилоъ дод, ки ба зудӣ дар кишвар конфаронс оид ба мубориза бо фасод баргузор хоҳад шуд. Ин гомҳо дар посух ба иттиҳом алайҳи ҳукумати марказии Афғонистон аз сӯи раҳбарони кишварҳои ғарбӣ бардошта шуданд, ки, аз нигоҳи онҳо, фасод ба яке аз сангинтарин мушкилоти ҳукумати Ҳомид Карзай табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG