Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкаткунандагони «Конфронси дуввуми байналмилалии Осиёи миёна ва Афғонистон: роҳҳои ҳамкорӣ», дар шаҳри Душанбе, дар рӯзи нахустини худ асосан рӯи ҳамоҳангсозии стратегияи кишварҳои минтақа дар мавриди Афғонистон баҳс намуданд.

Ба эътиқоди аксари ширкаткунандагони ин нишаст, кишварҳои фаросӯи Ому дар Осиёи миёна имкони бузурги мусоидат ба эҳёи Афғонистонро доранд, аммо як иштибоҳи то кунун суратгирифта, сиёсати номутавозин ва стратегияи ноҳамоҳанги ин кишварҳо дар қиболи Афғонистон тӯли ин ҳама сол будааст.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, аз ҷумла, ба зарурати як сиёсати ҳамоҳанг ва стратегияи воҳиди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қиболи Афғонистон таъкид кардад. Ӯ гуфт, сиёсати ягона агар эъмол шавад, таъсир ва пайомади хубтаре хоҳад дошт.

Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ҳам ба зарурати кӯмаки бештар аз ҳар вақти дигари кишварҳои минтақа барои таъмини амният дар Афғонистон таъкид кард. Ӯ авзоъи кунуниро дар Афғонистон бисёр ҳассос ва шикананда тавсиф кард ва гуфт, талошҳои ҳукумати нави Афғонистон дар мубориза ба терроризм ба кумаки ҳамсояҳо ва ҷомеъаи байналмилалӣ беш аз ҳар гоҳе ниёзманд аст.

Аммо дар ҳоле коршиносон аз зарурати ҳамоҳангии сиёсати кишварҳои минтақа дар қиболи Афғонистон сухан мегӯянд, ки ахиран яке аз ин кишварҳо, Қазоқистон, аз тасмими худ барои кӯмаки 50 миллиондоларӣ барои бахши омӯзишу парвариши Афғонистон хабар дод ва Қирғизистон ҳам хостори роҳандозии як музокираи воқеъӣ миёни кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳову кишварҳои минтақаӣ дар марвиди Афғонистон шудааст.

Аз ин дидгоҳ чунин суол матраҳ мешавад, ки кишварҳои минтақа то куҷо омодаи ҳамгунсозии сиёсатҳои худ дар қиболи Афғонистон ҳастанд ва муҳимтар аз ин ҳам то куҷо манофеъи онҳо дар марвиди Афғонистон ба ҳам пайванд мехӯрад?

Бархе таҳлилгарон гуфтанд, бо таваҷҷӯҳ ба нуфузи қудратҳои минтақаӣ болои кишҳварҳои Осиёи Марказӣ имкони ин ҳамоҳангӣ дар сиёсати онҳо бисёр заъиф аст. Агарчанд як чунин ҳамоҳангӣ ба нафъи таъмини амният дар Афғонистон ва ҳам кишварҳои ҳамосяи он дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Аммо сафири собиқи Эрон дар Душанбе, Носири Сармади Порсо, ки ҷониби Эронро намояндагӣ мекард, аз як зуҳуроти ба гуфтаи ӯ, номатлуб дар баррасии масоили амниятии минтақа сухан гуфт. Сафири собиқи Эрон афзуд, даври равон нигоҳи суннатӣ ба масоили амниятиро ботил кардааст. Ва мушкили масъалаи амнияти инсонӣ аз даричаи танги сиёсӣ берун омадани ин дидгоҳ аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG