Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев хостори тафтиши ҳалокати Магнитский шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Додситони Кулл ва вазири адлия хост, ки сабабҳои ҳалокати ҳуқуқдон Сергей Магнитскийро тафтиш кунанд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Русия, Медведев ҳамчунин талаб кардааст то хизматрасонии тиббӣ дар маҳбасу боздоштгоҳҳои кишвар ҷиддан тафтиш шавад. Аз ин пеш ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар мулоқот бо раисиҷумҳур хостори тафтиши марги мармузи Сергей Магнитский шуда буданд.
Вакили мудофеъи Бунёди британиявии Hermitage Capital Сергей Магнитский 16 ноябр дар боздоштгоҳи муваққат аз олам даргузашт. Ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки замони хуруҷи марзӣ табибони боздоштгоҳ ба Магнитский кумаки зарури тиббӣ нарасонидаанд.
XS
SM
MD
LG