Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон кафолати бозгардони ураниумро мехоҳад


Эрон аз пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ба хотири ғанисозӣ ба дигар кишварҳо фиристодани ураниуми худ сарпечӣ намекунад ва аммо мехоҳад кафолати онро дошта бошад, ки урани ғанисохташуда дубора ба кишвар баргардонида мешавад. Дар ин бора имрӯз Раҳин Меҳанпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон иттилоъ дод.
Ҳафтаи гузашта ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмон бори дигар аз Теҳрон даъват карданд, ки ба пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои дар хориҷи Эрон ғанӣ сохтани ураниум посух диҳад.
XS
SM
MD
LG