Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси шумора ва ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хостори таҷдиди назар дар ташкил ва таъйини ҳавзаҳои инфиродӣ ё якмандатӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар шудааст.

Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе масъулони ташкил ва баргузории интихоботи парлумонии кишварро бо он мутаҳҳам кард, ки дар таъсис ва таъйини ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ меъёрҳои қонуни интихоботро сарфи назар мекунанд. Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, дар ташкил ва муайян кардани ҳавзаҳои интихоботӣ талаботи Қонуни интихоботи Маҷлисии олии Тоҷикистон комилан риоят шудааст.

Раҳматулло Зоиров мегӯяд, асл ва асоси ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ, яъне шумора ва ҳудуд, тавре тақсим ва ташхис карда шудааст, ки як қисми умдаи ҷомеаи кишвар наметавонад дар шохаи қонунгузории ҳокимияти давлатӣ намояндаи худро дошта бошад. Аммо Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари КМИР, гуфт, тақсимбандии ҳавзаҳои интихоботӣ аз рӯи шумораи раъйдиҳанда ва ҳудуд бар асоси қонуни интихобот сурат мегирад.

Вале ҲНИТ низ тақсимбандии ҳудудии ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҳамин тавр бар пояи шумораи интихобкунанда ташкил ёфтани онҳоро дуруст намеҳисобад. Ҳикматулло Сайфулллозода, сухангӯи ҲНИТ, гуфт, дар сурати тағйир наёфтани шароити ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ бархе аз навоҳии кишвар наметавонад дар парлумон намоянда дошта бошад.

Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, бо назардошти он ки парлумон ҳокимияти иборат аз интихобкардаҳои мардум аст, чанд навоҳиро дар як ҳавза гирд овардан ва ё баръакс бахше аз интихобкунандаҳои ноҳияи пурҷамъиятро ба ноҳияи дигар вогузор кардан, имкон намедиҳад, ки афроди воқеан сазовор вориди парлумон шаванд. Зеро дар ин сурат асосан омили маҳал нақши ҳалкунанда мебозад.

Раиси ҲСДТ дар нишасти хабарии худ ҳамчунин гуфт, дар ҳоле, ки Бадахшон мақоми мухториятро дорост, зарур аст, ки шумори намояндагони он дар ниҳоди қонунгузории кишвар бештар бошад. Раиси сотсиал-демократҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки дар парлумони Тоҷикистон аз ҳар ноҳия ҳадди ақал як намоянда ҳузур дошта бошад. Аммо дар сурати ислоҳ нашудани шароит, барои мисол, шаҳру навоҳии камаҳолие чун Норак, Ғончӣ ва ё Масчоҳи кӯҳӣ дар ҳокимияти қонунгузорӣ ҳеҷ гоҳ намоянда дошта наметавонанд.

Маҷлиси намояндагон, парлумони касбии кишвар, аз 63 вакил иборат аст ва 22 нафари онҳо тавассути аҳзоб ва 41 нафари онҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.
XS
SM
MD
LG