Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як мард аз лату кӯби корманди милисаи Маскав


Гумонбари латукӯби ваҳшиёнаи як мард дар минтақаи ҷанубу шарқи Маскав ошкор шуд. Ба иттилоъи Кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия, бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса корманди милиса Анвар Иброҳимов боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки шоми душанбе се корманди милиса дар ҳоли мастӣ ду сокини Абхозистонро ҳадафи лату кӯб қарор доданд, ки дар натиҷа якеи онҳо ба ҳалокат расид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ду тан аз шарикони Анвар Иброҳимов ҳамчун шоҳидони ҳодиса бозпурсӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG