Пайвандҳои дастрасӣ

Як миллион муҳоҷирони тоҷик вориди Русия шудаанд


Тайи даҳ моҳи соли равон ба Русия 12 миллион нафар муҳоҷирони корӣ ворид шудаанд. Раиси бахши назорати муҳоҷирати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Александр Земсков ба хабаргузории “Прайм-ТАСС” гуфтааст, ки бахши аъзами муҳоҷини воридшуда – 3,6 миллион - шаҳрвандони Украинаанд. Ба иттилоъи ӯ, дар ин давра ба Русия ҳамчунин як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамчунин 500 ҳазор сокинони Қирғизистон ворид шудаанд. Ва аммо, ба иттилоъи кумитаи омори Тоҷикистон, теъдоди афроде, ки тайи даҳ моҳи соли равон бо кортҳои муҳоҷиратӣ аз қаламрави кишвар берун шудаанд, аз 600 ҳазор нафар бештар нест.
XS
SM
MD
LG