Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тонӣ Блэр мавриди пурсуҷӯ қарор мегирад


Сарвазири собиқи Британия Тонӣ Блэр мавриди пурсуҷӯи Кумитаи мустақили тафтиши ширкати низомиёни Британия дар ҷанги Ироқ қарор хоҳад гирифт. Ин бозрасиҳо имрӯз дар Лондон шурӯъ мешаванд ва интизор меравад, ки чанд моҳ идома кунанд. Қарор аст, Тонӣ Блэр, ки ҳукумати таҳти раёсати ӯ соли 2003 дар бораи интиқоли нерӯҳои кишвар ба Ироқ тасмим гирифта буд, авоили соли оянда дар назди аъзои ин кумита шаҳодат диҳад. Бозрасии мавзӯъи ширкати низомиёни Британия дар ҷанги Ироқ бо тақозои ҷомеъаи кишвар сурат мегирад. Раиси Кумитаи мустақили тафтиши ширкати низомиёни Британия дар ҷанги Ироқ Ҷон Чилкот мегӯяд, “мо мехоҳем тасвири манзараи комил ва одилонаи ҳаводис дар пояи далелҳои дастрасшуда ҳосил шавад. Бояд гуфт, ки мо ба асноди зарурӣ дар ҳама сатҳҳои ҳукуматӣ тайи нӯҳ соли ахир дастрасӣ дорем. Мо аллакай ҳуҷҷатҳои кофиро омӯхтаем ва чизеро аз мо пинҳон надоштанд, зеро чизеро пинҳон кардан ҳам имкон надорад. Агар чизе махфӣ нигаҳ дошта мешуд, мо инро мефаҳмидем ва пайдо мекардем”.
Тайи чанд соли ҷанг дар Ироқ низомиёни Британия асосан дар шаҳри Басра мустақар буданд.
XS
SM
MD
LG