Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи фавқулодда дар ҷануби Филиппин


Дар ду вилояти воқеъ дар ҷануби Филиппин вазъи фавқулодда ҷорӣ карда шуд. Дар ин бораи раисиҷумҳур Глория Аройа баъди аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос кушта шудани дасти кам 24 нафар, аз ҷумла, сиёсатмадорону хабарнигорон, тасмим гирифт. Кушташудагон ҷонибдорони яке аз номзадҳо ба мақоми раиси вилояти Магуинданао буданд. Миёни онҳо – ҳамсари ин сиёсатмадор низ ҳаст, ки ахиран дар ин ҷинояти сангин мухолифони сиёсии худро айбдор кард.
XS
SM
MD
LG