Пайвандҳои дастрасӣ

Обама тасмими худро ҳафтаи оянда эълон мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар як нишаст бо мушовирони аршади худ мавзӯъи Афғонистонро баррасӣ кард. Баъд аз хатми ин нишаст ягон изҳороти расмӣ пахш нашуд. Намояндаи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, ки тасмим дар робита ба интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон ҳафтаи оянда эълон хоҳад шуд.
Дар нишаст нойиби раисиҷумҳур Ҷозеф Байден, Котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон, вазири дифоъ Роберт Гейтс ва мушовирони сиёсии Обама ширкат доштанд. Раисиҷумҳури ИМА ду моҳи ахир ба таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷонибаи масоили Афғонистон машғул аст.
XS
SM
MD
LG