Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се "террорист"-и тоҷик дар Маскав


Вазорати умури дохилии Русия дирӯз эълон кард, ки бо дастури мақомоти Тоҷикистон, 3 нафари гумонбар дар фаъолиятҳои террористиро дар Маскав боздошт кардааст. Душанбе ин афродро бо иттиҳоми даст доштан дар як силсила ҳамалоти террористии анҷомшуда дар қаламрави Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон таҳти пайгард қарор додааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, боздоштшудагон аъзои Ҳизби исломии Туркистонанд, ки гурӯҳи террористӣ шинохта мешавад.
Феълан масъалаи истирдоди ин се нафари боздоштшуда ба Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG