Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар саҳмияи Роғунро 100 сомонӣ хоҳанд фурӯхт


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов дар мусоҳиба бо хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун то аввали соли оянда ба муомилот бароварда хоҳанд шуд. Оқои Наҷмуддинов эҳтимоли дар худи Тоҷикистон чоп кардани ин авроқи гаронбаҳоро сарфи назар накард ва гуфт, таҷҳизоти лозим барои чопи чунин авроқ дар ихтиёри онҳо ҳаст. Вазири молия гуфтааст, як саҳмияи Роғун бо қимати номиналии 100 сомонӣ вориди бозор хоҳад шуд ва масъалаи ба шаҳрвандони хориҷӣ низ фурӯхтани ин саҳмияҳо феълан дар дасти баррасӣ қарор дорад. Сафаралӣ Наҷмуддинов ҳамчунин гуфт, барои ба кор андохтани навбати аввали нирӯгоҳи Роғун тақрибан 770 миллион доллар сармоягузорӣ лозим аст.
XS
SM
MD
LG