Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳти таҳқиқ қарор доштани 15 вазири афғон


Ноиби додситони кулли Афғонистон гуфт, ин ниҳод алайҳи 15 вазири собиқ ва фаъоли ҳукумати ин кишвар иттиҳомоте дар даст дорад ва таҳқиқи парвандаҳои ин афродро идома медиҳад. Фозилаҳмад Фақирёр ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ин парвандаҳо аъзои кобинаи вазирон аз замони ҳукумати муваққат то имрӯзро дар бар мегирад.
Давлати Ҳомиди Карзай ба иллати муборизаи нокофиаш бо фасод мавриди интиқоди шадиди ҷомиаи байналмилалӣ, аз ҷумла муттаҳидини ғарбиаш қарор дорад. Карзай дар ҳафтаи гузашта як ниҳоди махсуси мубориза бо фасодро дар ҳайъати додситонии кулл таъсис дод. Ӯ тааҳҳуд супурдааст, ки дар даври дуввуми раёсатҷумҳуриаш набард алайҳи фасодро дар меҳвари сиёсати Кобул қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG