Пайвандҳои дастрасӣ

Бердимуҳаммадов ба Итолиё рафт


Раисиҷумҳури Туркманистон сафари расмии дурӯзааш ба Итолиёро шурӯъ кард. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо раҳбарони аршади Итолиё, аз ҷумла бо сарвазир Силвио Берлусконӣ, роҳҳои рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳоти энержиро баррасӣ хоҳад кард.
Дар ҷараёни ин сафар имзои чанд қарордоди ҳамкорӣ ва баргузории як ҳамоиши тоҷирони Итолиёву Туркманистон дар Рум низ дар назар будааст.
Сомонаи расмии интернетии давлати Туркманистон сафари Итолиёро “як қадами муҳим дар роҳи густариши бештари гуфтугӯи созандаи Туркманистон бо ИА” номидааст.
ИА феълан аз тарҳи лӯлаи гази мавсум ба “Набукко” пуштибонӣ мекунад, ки бидуни убури қаламрави Русия ба бозорҳои Аврупо расондани гази дарёи Хазар ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла гази Туркманистонро ба ҳадаф дорад.
XS
SM
MD
LG