Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон марзаш бо Қазоқистонро баст


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки Узбакистон марзҳояш бо Қазоқистонро баста, барои атбоъи ҳарду кишвар танҳо роҳи бозгаштро во гузоштааст. Ҷузъиёти дигаре дар бораи сабабҳои баста шудани марз дастрас нест, вале сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон Йержан Ошиқбоев ба хабарнигорон гуфтааст, ки “ин ибтикори ҷониби Қазоқистон набуд.” Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, марзҳои Узбакистон бо Қазоқистон аз ҳафтаи гузашта баста мебошанд.
XS
SM
MD
LG