Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони футболи Буснӣ маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи Буснӣ ду мақоми аршади Федеросиюни футболи ин кишварро бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти молиёт ва сӯъиистифода аз мақом ба 5 соли зиндон маҳкум кард.Дабири кулли федеросиюни футболи Буснӣ Муниб Усанович ва мудири тиҷоратии ин ниҳод Миодраг Куреч дар сарпечӣ аз пардохти молиёт ба маблағи 235 000 доллар ва сирқати беш аз 250 000 доллар пули федеросиюн муҷрим шинохта шуданд.Бар изофаи 5 сол ҳукми зиндон, Усанович ва Куреч ҳамчунин муваззаф шудаанд, ин пулҳоро баргардонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG