Пайвандҳои дастрасӣ

Пешрафтҳои нави артиши Покистон дар Вазиристон


Покистон мегӯяд, нирӯҳояш дар сарзаминҳои қабиланишини наздик ба марзи Афғонистон дастикам 32 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Артиши Покистон мегӯяд, 9 ҷангӣ дар Вазиристони ҷанубӣ, саҳнаи аслии набардҳои давлат ва ҷангиёни толиб, кушта шуданд. Амалиёти густарда алайҳи ҷангиён дар ин устон 5 ҳафта боз идома дорад ва артиш мегӯяд, Толибонро маҷбур ба тарки минтақаҳои калидие дар Лахиғунд ва кӯҳҳои Бункер кардааст. Гуфта мешавад, бархе ҷангиён ба навоҳии қабиланишини Вазиристони шимолӣ ва Оракзай фирор кардаанд, ки ин боиси ба ин манотиқ кӯчидани ҷангҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG