Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико ба муборизаи Афғонистон бо хашхош


Амрико ба он вилоёти Афғонистон, ки кишти маводи мухаддирро кам ваё нест кардаанд, наздики 40 миллион доллар кӯмак мекунад. Ин қарордоди дирӯз дар Кобул имзо шуда ба хотири кӯмак ба 27 вилояти Афғонистон дар амри пайдо кардани он анвоъи зироат аст, ки ҷойи хашхошро бигирад.
Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон маҳсуб шуда, вазири умури хориҷии Амрико Ҳиллари Клинтон ҳатто “давлати маводи мухаддир” номаш бурдааст.
Коҳиш додани кишти хашхош як ҷузъи калидии талошҳои Ғарб ҷиҳати истиқрори субот дар Афғонистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG