Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз 4 сарбози Амрико дар Афғонистон


Аз Афғонистон дар бораи ҳалокати боз 4 сарбози амрикоӣ хабар расид. 3 сарбоз рӯзи якшанбе дар ҷануби он кишвар ва сарбози чорум дирӯз дар шарқи Афғонистон ҳалок шудаанд. Дар моҳи ноябр дар Афғонистон дар маҷмӯъ 15 аскари Амрико кушта шуданд. Аммо хунинтарин моҳ барои нирӯҳои Амрико аз замони вуруди онҳо ба Афғонистон, яъне дар 8 соли охир, моҳи октябр буд, ки бо ҳалокати 58 амрикоӣ анҷомид.
XS
SM
MD
LG