Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама зоирони тоҷикистонӣ ба Саъудия расиданд


Ҳама 5200 зоири хонаи худо аз Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ расонда шудаанд. Дар ин бора як мақоми вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Азия-Плюс хабар додааст. Охирин гурӯҳи зоирин шаби ҷумъа ба шанбе ба фурудгоҳи шаҳри Ҷидда расиданд. Дар миёни ин шумор зоирон ҳудудан 70 пиронсол аз ҳисоби дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷ сафарбар шудаанд. Гурӯҳи зоирони тоҷикистониро шӯрои уламо ва даҳ ходими тиб ҳамроҳӣ мекунанд. Рӯзи аввали маросими ҳаҷ чоршанбе субҳ бо зиёрати Мино оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG