Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумбише барои ба додгоҳ кашидани Ислом Каримов


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Дар Шветсия ҳаракати наве бо номи “Алайҳи Каримов” таъсис ёфтааст, ки шикоятномаҳоеро бар зидди раисиҷумҳури Узбакистон барои пешниҳод ба додгоҳи Гаага гирдоварӣ мекунад.

Намояндагони ин ҳаракат қасд доранд, бар зидди амалкардҳои Ислом Каримов ба додгоҳи Аврупо шикоят баранд.

Вакили мудофеъи ҳуқуқ Марк Руперт, ки феълан дар Шветсия ба сар мебарад, муассиси ҳаракати “Алайҳи Каримов” аст. Вай беш аз 300
Қонунгузории Узбакистон назокати хосе дорад, ки мегӯяд, мақомот як қатор ӯҳдадориҳои муҳимеро оид ба риояти ҳуқуқи инсон ба дӯш гирифтаанд, аммо меъёрҳои иҷроиши ин ӯҳдадориҳо на дар Қонуни асосӣ ва на дар қонунгузории ин кишвар навишта нашудааст...
аризаи даъвоӣ бар зидди раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҷамъ овардааст. Ба иттилои хабаргузориҳо, шиори ин ҳаракат “Золим бояд шикаст дода шавад” будааст.

Бино ба иттилои бахши узбакии Радиои Озодӣ, Марк Руперт исми мустаори соҳибкоре аз Самарқанд аст, ки аз ҷониби мақомоти Узбакистон саркӯб шуда, дар Шветсия паноҳгоҳ ёфтааст. Марк Руперт мегӯяд, бисёре аз шаҳрвандони таъқибшуда аз ҷониби мақомоти узбак, бавижа раисиҷумҳури он кишвар, азм доранд, ба додгоҳҳои аврупоӣ шикоят баранд, то ба истеъфои Ислом Каримов даст ёбанд.

Ҳама даъвогарон дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебаранд. Феълан ному насаб ва макони ҳузури онҳо эълом намешавад, чун пайвандони бисёре аз онҳо дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд ва метавонанд мавриди таъқиби мақомоти он кишвар қарор бигиранд.

Тайи солҳои ахир бар асари сиёсати хушунатгароёнаи ҳукумати Узбакистон ҳазорҳо нафар тарки ин кишвар кардаанд, ки дар миёни онҳо хабарнигорон, вакилони мудофеи ҳуқуқ, шоҳидони ҳаводиси Андиҷон, рӯҳониён ва соҳибкороне будаанд, ки тиҷораташонро мақомот аз худ намудаанд.

Пайравони ҳаракати “Алайҳи Каримов” мегӯянд, иллати аслии шикояти онҳо маҳз ба додгоҳҳои аврупоӣ он будааст, ки додгоҳҳои Узбакистон аз қабули ҳама гуна шикоётномаву даъвоҳо бар зидди раисҷумҳур Ислом Каримов худдорӣ мекунанд. Онҳо умед доранд, ки ба ин восита барои ҳама тазйиқу фишоре, ки аз сӯйи мақомоти узбак дидаанд, ҷуброни молӣ рӯёнанд.

Ба пиндори Ҳаракати “Алайҳи Каримов”, ҳар нафаре, ки даъвои худро дар додгоҳи Аврупо собит мекунад, ба чунин ҷубронпулӣ даст хоҳад ёфт.

Фаъолони ҳаракати мазкур мегӯянд, ба воситаи мусодираи амволи ғайриманқули Узбакистон дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо, мешавад ин ҷубронпулиро ба фоидаи даъвогарон рӯёнид. Ин ҳам дар ҳолест, ки то ин замон дар Аврупо аз чунин як таҷриба кор гирифта шудааст.

Елена Рябинина, ҳомии ҳуқуқи инсон
Ва аммо бахши аъзами ҳомиёни ҳуқуқ шак доранд, ки тақозоҳои ҳаракати “Алайҳи Каримов” аз ҷониби додгоҳҳои Аврупо қонеъ карда мешавад. Елена Рябинина, коршиноси умури паноҳҷӯёни Осиёи Марказӣ дар Маскав, мегӯяд, ба додгоҳи байнулмилалӣ аслан мумкин нест алайҳи Узбакистон шикоят бурд, чун ин кишвар узви Шӯрои Аврупо ва Конвенсияи Аврупо нест.

Хонум Рябинина меафзояд, алайҳи ҳукумати Узбакистон танҳо ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ мешавад шикояти даъвоӣ бурд, чун додгоҳи мазкур парвандаҳои марбут ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷиноёти зиддибашарӣ, низомӣ ва шиканҷаро баррасӣ мекунад.

“Таҷрибаи таассуфовари гузашта нишон медиҳад, ки чунин даъвоҳо натиҷаи мусбат надоранд. Агар ёд доред, баъди ҳодисаҳои Андиҷон аз рӯйи амалкардҳои ғайриқонунии вазири вақти умури дохилии Узбакистон Алматов, ки он замон дар Олмон муолиҷа мегирифт, чунин шикоят расида буд. Аммо мақомоти Олмон ба вай имконият доданд, то ба хориҷ биравад ва шикояти расида бебаррасӣ монд. "

Тавре ки ҳамкасби ман Евгений Жовтис, ки ҳоло дар Қазоқистон маҳбуси сиёсист, мегӯяд, "он ҷо ки захираҳои нафту газ аст, касе ба ҳуқуқи инсон кор надорад. Бо назардошти ин ки ахиран Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои рамзии худро алайҳи Узбакистон манъ кард ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва тақрибан тамоми Ғарб моил ба ҳамкорӣ бо низоми Каримованд, онҳо ба ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон чашм мепӯшад. Метарсам, ки ин ҳама даъвоҳо бенатиҷа боқӣ мемонад”.

Дар ҳамин ҳол, раиси созмони фаронсавии мудофеи ҳуқуқ мавсум ба “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” Надежда Атаева, дар шарҳи аризаҳои даъвоии намояндагони ҷунбиши “Алайҳи Каримов” мегӯяд, Узбакистон Санади Римии Додгоҳи байнулмилалии ҷиноятиро ба тасвиб нарасонидааст. Бо таъкид ба ин нукта, хонум Атаева бар ин андеша аст, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Узбакистон наметавонанд шикоёти худро ба додгоҳи аврупоӣ баранд.

“Соли 2007 Узбакистон қавл дод, ки Санади Римро ба тасвиб мерасонад, аммо то ин замон ваъдаашро иҷро накард. Узбакистон
Надежда Атаева
Конвенсияи байнулмилалии зидди шиканҷаро имзо кард, аммо механизми татбиқи онро дар санад нишон надодааст. Қонунгузории Узбакистон назокати хосе дорад, ки мегӯяд, мақомот як қатор ӯҳдадориҳои муҳимеро оид ба риояти ҳуқуқи инсон ба дӯш гирифтаанд, аммо меъёрҳои иҷроиши ин ӯҳдадориҳо на дар Қонуни асосӣ ва на дар қонунгузории ин кишвар навишта нашудааст."


Узбакистон ҳатто Конвенсияи аврупоии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба тасвиб нарасонидааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони ин кишвар наметавонанд ба додгоҳе дар Аврупо аризаи шикоятӣ баранд”.

Хонум Атаева меафзояд, дар сурати ҷамъоварии иттилооти саҳеҳу собитшуда оид ба ҷиноёти мақомоти узбак, он гуна ки дар робита ба ҳаводиси Андиҷон ин кор анҷом шуда буд, Шӯрои СММ метавонад намояндаи хоси худро барои баррасии асоснокии ин ҳама даъвоҳо ба Узбакистон фиристад. Аммо ин раванд метавонад хеле тӯлонӣ бошад ва ба якчанд сол давом кунад.

Ёдрас мекунем, Санади Рим оид ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар соли 1998 дар Рим қабул шуда, тибқи он, додгоҳ метавонад парвандаҳои марбут ба ҷиноёти сангини нигаронкунандаи ҷомеаи байнулмилалиро баррасӣ кунад.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон санади мазкурро ба тасвиб расонидааст.

Ва як навори видео аз саргузашти сиёсии Ислом Каримов:

Каримов дар Намагон, 9 декабри соли 1991
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
XS
SM
MD
LG