Пайвандҳои дастрасӣ

Сафир: "Тасмими Тошканд ангезаи сиёсӣ надорад"


Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон

Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон

Ӯзбакистон аз Системаи ягонаи энержии минтақаи Осиёи Марказӣ ихроҷ хоҳад шуд, аммо ин тасмим ҳеҷ гуна ангезаи сиёсӣ надорад.

Ин матлабро Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон, дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт.

Оқои Шоисломов бархе аз матолиби мунташира дар нашрия ва сайтҳои интернетиро дар ин робита беасос хонда гуфт, ки ин ҳаққи ҳар кишвари мустақил аст, ки бо даст додани имконот аз вобастагиҳои беруна худро раҳо кунад.

Ба гуфтаи ӯ, аз тарафи дигар набуди низоми дурусти ҳамкорӣ ва дар душвортарин лаҳзаҳо пеш омадани мушкил дар Низоми воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ин кишварро водор кардааст, ки дар таъминоти барқ таҷдиди назар кунад.

Бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки берун шудани Ӯзбакистон аз Системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон мушкил эҷод нахоҳад кард ...
Сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон вуқӯи садама дар авоили моҳи равон дар низоми барқрасонии Тоҷикистонро як далели набуди низоми дурусти кор ва ҳамин таври амният дар Системаи энержии кишварҳои минтақа арзёбӣ кард.

Шоҳқосим Шоисломов гуфт, ки ҳукумати кишвараш тавонистааст вилояти Сурхандарёи Ӯзбакистонро, ки то ҳамин акнун аз барқи Тоҷикистон истифода мекард дар ҳалқаи воҳиди энержии ин кишвар васл кунад. Ин амр бо ба истифода додани хатти баландшиддати Ғузор-Сурхон, ки тамоми низоми энержии ин кишварро ба ҳам пайваст мекунад имконпазир шудааст.

Вай гуфт, «миқдори нерӯи барқе, ки вилояти Сурхандарё аз манобеи энержии Тоҷикистон дарёфт мекард, ҳамкнун барои масрафкунандагон дар дохили Тоҷикистон истифода мешавад. Вале таъминоти вилояти Суғди Тоҷикистон, ки аз тарафи манобеи энержии Ӯзбакистон сурат мегирифт бидуни тағйир боқӣ хоҳад монд».

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки берун шудани Ӯзбакистон аз низоми ягонаи энержии минтақа Тоҷикистонро дар вазъияти ногувор хоҳад гузошт. Зеро Тоҷикистон наметавонад беш аз 1 миллиард киловат нерӯи барқи тавофуқшуда аз Туркманистонро бигирад.

Зимнан раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар дидор бо намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ба ин нукта ишора карда гуфтааст, ки ин тасмими Ӯзбакистон дар шароити феълӣ таъсири номатлуб дар пай хоҳад дошт ва ҷомеаи байнулмилалӣ дар андешаи дастгирии Тоҷикистон бошад.

Аммо бархе дигар аз коршиносон аз ҷумла Ғуломи Сайфиддин, коршиноси масоили энержӣ, мӯътақид аст, ки берун шудани Ӯзбакистон аз Системаи ягонаи энержӣ барои Тоҷикистон мушкил эҷод намекунад. Зеро ин кишвар амалан аз ин система хеле пештар хориҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки масъалаи берун шудани кишвараш аз Системаи ягонаи энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ як масъалаи иҷтимоии дохилист ва онро набояд бо сиёсат ва бахусус ҳамкориҳои ду кишвари Тоҷикистону Ӯзбакистон алоқаманд кард. Зеро дар равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон кадом мушкиле вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG