Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон: "Ба масоили хоҷагӣ баҳои сиёсӣ надиҳед"


Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Ӯзбакистон дар Душанбе расонаҳои хабариро аз додани баҳои сиёсӣ ба нияти Тошканд барои хориҷ шудан аз системаи умумии нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Вай гуфт, ки ин система ҳамчун бозмондаи даврони шӯравӣ “ғайри қобили қабул” шудааст. Вай афзуд, шабакаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ бидуни масъулият фаъол буд ва ахиран баъзе аз кишварҳо бо истифодаи аз меъёр зиёди барқ боиси эҷоди ҳолатҳои садамавӣ дар ин низом шудаанд. Сафири Ӯзбакистон дар Душанбе гуфт:

“Ҳангомаи ватандӯстонае, ки атрофи бунёди нирӯгоҳҳои нав эҷод мешавад, ба назари ман ҳамчун як ҳамсояи Тоҷикистон бояд аз он шурӯъ шавад, ки ҳар кас бояд пеш аз ҳама барои истифодаи барқ аз рӯи ҳисобкунак пул пардохт кунад. Патриотизми аслӣ аз ин ҷо шурӯъ мешавад. Бо истифода аз фурсат мехостам бахусус аз матубот даъват кунам, ки аз сиёсӣ кардани масъалаҳои хоҷагӣ худдорӣ кунем”.

Сафири Ӯзбакистон гуфт, аз ин пас кишвараш истифодаи шабакаҳои дохилиро барои додугирифти барқ танҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни кишварҳои минтақа анҷом хоҳад дод. Тасмими Ӯзбакистон барои баромадан аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ шурӯъ аз оғози моҳи декабр нигарониҳои Тоҷикистонро ба бор овард, ки бештар аз дигар кишварҳои ҳамсоя аз ин шабакаи умумӣ вобастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG