Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон амалиёти кимиёиро озмоиш кард


Имрӯз Эрон дар чаҳорчӯби машқҳои дифои ҳавоӣ зидди ҳамлаҳои эҳтимолӣ болои таъсисоти ҳастаии ин кишвар як амалиёти озмоишии кимиёиро анҷом дод. Ин машқҳо, ки дирӯз шурӯъ шуда панҷ рӯз давом мекунад, бояд тавонмандиҳои Ҷумҳурии исломиро дар муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба намоиш гузорад. Дар озмоишҳои мазкур ҳамчунин тавони мушакҳои сохти ватании Эрон ҳам санҷида шуд. Фармондеҳи нирӯҳои посдорони инқилоб дирӯз гуфт, ки агар ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба ин кишвар таҳдид кунанд, артиши Эрон онҳоро нобуд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG