Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Узбакистон ба интихоботи парлумонӣ


Бар тибқи иттилои расонаҳои давлатии Узбакистон комиссиюни интихоботии ин кишвар то имрӯз исми 517 нафарро ба унвони номзади интихоботи парлумонӣ номнавис кардааст. Интихоботи палатаи поёнии парлумони Узбакистон қарор аст рӯзи 27 декабр баргузор шавад. Бар тибқи қонунҳои ин кишвар номзадҳо бояд аз чаҳор ҳизби расман сабтиномшудаи Узбакистон намояндагӣ кунанд. Ҳар нафари сеюми ин номзадҳо бояд зан бошад. Парлумони Узбакистон аз 150 курсӣ иборат буда 135 курсӣ тавассути интихобот ва 15 нафар аз ҷониби намояндагони ҷунбиши экологии Узбакистон пур мешаванд. Ҳафтаи ҷорӣ бояд исми ҳама номзадҳои интихоботӣ дар нашрияҳои давлатӣ чоп шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG