Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мактабҳои Бишкек карантин шуданд


Мақомоти беҳдоштии пойтахти Қирғизистон амри барои як ҳафта мутаваққиф шудани ҷараёни дарсҳоро дар мактабҳои миёнаи Бишкек содир карданд, ки аз 23 то 30 ноябр идома мекунад. Сабаби ин дар афзоиши шумори мактабиёни олуда ба бемориҳо, ғолибан ба сармохӯрдагӣ дар ҳафтаи гузашта мебошад. Мақомот гуфтанд, ки дар мӯҳлати байни рӯзҳои 16 то 20 ноябр дар ҳудуди 30 дар сади мактаббачаҳои Бишкек бо нишонаҳои бемориҳои мухталиф аз дарс монданд. Мақомот мегӯянд, ки эҳтимолан карантини мактабҳо тамдид карда шавад.
XS
SM
MD
LG