Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми шаҳрванди боздоштшуда дар Маскав мушаххас шуд


Рӯзи якшанбе кормандони милисаи шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошта барои терроризм ташкил ва ширкат дар гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ муттаҳам мешуд. Ин шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дирӯз дар маҳаллаи Арбати нав “савори мошини Nissan Pulsar” боздошт шудааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” исми ин шахсро чун С.Қозиев ёд кардааст. Мақомоти милиса мегӯянд, ки Қозиев дар таърихи 30 марти соли ҷорӣ аз ҷониби сохторҳои ҳифзи тартиботи Тоҷикистон ба бозҷӯии байналмилалӣ дода шудааст.
XS
SM
MD
LG