Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Узбакистон: Системаи умумии барқ бозмондаи Шӯравист


Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе, Системаи умумии нерӯи барқи Осиёи Марказиро бозмондаи даврони Шӯравӣ номид.

Сафири Узбакистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, системаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ҳамчун як бахши шабакаҳои умумии барқи Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта буд ва акнун, ки вазъ дар минтақа комилан тағйир кардааст, ин система ғайри қобили қабул аст.

Вай афзуд, шабакаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ бидуни масъулият ва ҳуқуқи ҷонибҳо фаъол буд ва ахиран баъзе аз кишварҳо бо истифодаи аз меъёр зиёди барқ боиси ҳолатҳои садамавӣ дар ин система шудаанд.

Оқои Шоҳисломов садамаи хатти баландшиддати нерӯи барқи Норак – Регари Тоҷикистонро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса ба шабакаҳои барқи Узбакистон низ таъсир кардааст.

Сафири Узбакистон гуфт, аз ин пас кишвараш истифодаи шабакаҳои дохилӣ барои додугирифти барқро танҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни кишварҳои минтақа анҷом хоҳад дод.

Мақомоти Узбакистон қаблан эълон карданд, ки ин кишвар сар аз 1-уми декабри соли ҷорӣ аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ хоҳад шуд.

Чунин тасмими Тошканд боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон гаштааст, ки бештар аз дигар кишварҳо аз шабакаи умумии барқи минтақа вобастагӣ дорад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ахиран раисиҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони созмонҳои ёрирасони байнулмилалӣ пайомадҳои эҳтимолии тасмими Тошкандро матраҳ кардааст ва хостори кумак ба Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG