Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Аҳмадинажод аз Бразилия шурӯъ шуд


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод бо нахустин сафари давлатии худ ба ҳайси раиси ҷумҳурии Эрон вориди Бразилия шуд. Қарор аст дар навбати аввал мулоқоти ӯ бо ҳамтои бразилиягиаш Луи Инасио Лула да Силва баргузор шавад, ки бояд худ соли 2010 бо як сафар за Теҳрон дидан кунад. Бар тибқи иттилои сафорати Эрон, дар давоми боздиди якрӯзааш аз Рио-де-Жанейро имзои чанд созишномаи ҳамкорӣ, шиносоӣ бо конгресс, суханронӣ дар донишгоҳи маҳаллӣ ва инчунин як нишасти матбуотӣ дар назар гирифта шудааст. Рӯзи якшанбе беш аз ҳазор нафар ба нишони эътироз аз сафари Аҳмадинажод ба Бразилия дар хиёбонҳои Рио-де-Жанейро раҳпаймоӣ карданд. Раҳбари Эрон борҳо ба маҳв шудани Исроил аз харитаи ҷаҳон даъват карда эътирофи кушторҳои дастаҷамъии яҳудиёнро дар ҷанги дуюми ҷаҳон, ки чун Ҳолокост маъруф шудааст, маҳкум кардааст. Дар рӯзҳои баъдӣ сафари президененти Эрон ба Боливия ва Венесуэла дар назар аст.
XS
SM
MD
LG