Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Руминия даври дуюми интихобот барпо мешавад


Бар тибқи ҳисобҳои як бахши раъйҳои интихоботи президентии Руминия президенти маркарзгарои амалкунанда Траян Басеску рӯзи 6 декабр дар даври дуюми интихобот бо рақиби чапгарояш вазири пешини умури хориҷӣ Мирча Ҷоанэ вориди сабқат хоҳад шуд. Имрӯз мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки баъди натиҷагирии 50 дар сади баргаҳо маълум мешавад, ки Басеску аз ҳизби демократҳои либерал бо 33 дар сади раъйҳо назар ба рақибаш Ҷоанэ аз сангари сотсиал-демократҳо, ки 29 дар сади овозҳоро ба даст оварадаст, пешсаф аст. Ҳарчанд мақоми президент дар Руминия бештар рамзӣ аст, вале ӯ ҳақ дорад нахуствазири кишварро таъйин кунад, ки баъдан масъулияти ташкили ҳукуматро ба дӯш хоҳад гирифт. Ҳукумати қаблӣ моҳи октябр баъди таваққуф дар дарёфти кӯмаки 20-миллиарддолларии Сандуқи байналмилалии пул пароканда шуд.
XS
SM
MD
LG