Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи анбори аслиҳа дар Фархор


Мақомоти интизомии кишвар дар ноҳияи Фархор, ҷануби Тоҷикистон як анбори аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро пайдо намудаанд.

Ботирхон Рустамов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар ин анбор навъҳои гуногуни яроқи оташфишон ва тиру туфангчаи ҷангӣ ниҳон будааст. Ба гуфтаи ӯ, дақиқ нест, ки ин муҳимоти ҷангӣ ба кӣ ва ё кадом гурӯҳ тааллуқ дорад, аммо рӯшан аст, ки ин силоҳҳо давоми ду се соли ахир дар ин мавзеъ пинҳон карда шудаанд. Аммо инчунин вай афзуд, ки ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар дасти шаҳрвандон силоҳ боқӣ мондааст ва эшон ихтиёран аз супоридани онҳо ба мақомот хавф доранд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ҷаноби Рустамов бо хоҳиши худ супурдани силоҳ шаҳрвандонро аз ҷавобгариҳо озод менамояд.

Ҳанӯз дар соли 1994 фармони раисҷумҳури кишвар барои халъи силоҳ содир шуда буд. Аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, то ҳанӯз ин фармон ба пуррагӣ иҷро нашудааст ва то ҳол мардум дар хонаҳояшон силоҳҳои боқӣ аз замони ҷанги шаҳрвандиро нигоҳ медоранд. Болои ин, таи ду соли ахир дар навоҳии наздимарзии минтақаи Кӯлоб махфигоҳҳои яроқу аслиҳа кашф мешавад, ки ин миёни коршиносон ҳадсу гумонҳоро зиёд мекунад. Маҳмадалӣ Холиқов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ҳарчанд, дар ин навоҳӣ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ силоҳҳо пинҳон бошанд ҳам, аммо аз эҳтимол дур нест, ки гурӯҳҳое аз ҷониби Афғонистон барои пиёда кардани аҳдофи номаълуми хеш дар ин сӯи марз, ки амн ба назар мерасад, силоҳ нигаҳ доранд.

Кашфи анбори аслиҳа дар ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки таи даҳ моҳи ахир кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб аз дасти сокинони дигар навоҳии минтақа беш аз 156 навъҳои гуногуни яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира намудаанд.

Ноҳияи Фархор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир шудааст. Чанд моҳ қабл барои аввалин бор дар минтақаи Кӯлоб аз ҳудуди ин ноҳия як узви Ҳаракати исломии Узбакистон ҳангоми убури марзи Афғонистону Тоҷикистон боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG