Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таеквон-до WTF бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ бо пирӯзии дастаҳои Эрон ва Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар Қасри варзиши «Самандар – асри XXI»-и шаҳри Турсунзода дар ду гурӯҳ - байни бузургсолон ва навҷавонон баргузор шуд, ҳудуди 200 варзишгар аз Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи киругӣ байни мардон дар 5 вазн варзишгарони Эрон – Саҷад Мустафавӣ (63 кг), Сайид Иброҳим Ҳусейнӣ (68 кг), Ҷавод Карамӣ (80 кг), Маҳдӣ Худобахшӣ (87 кг) ва Рашид Фаттоҳӣ (+87 кг) - ҷойҳои аввалро касб карданд. Се варзишгари тоҷик – Муқим Абдураҳмонов (54 кг), Насхиддин Ворисов (58 кг) ва Фарҳод Неъматов (74 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар сабқати занон Парвин Афшарӣ (46 кг), Суманеҳ Боғбон (49 кг) ва Суманеҳ Шешпарӣ (53 кг) – ҳарсе аз Эрон, Екатерина Трубитсина (57 кг) ва Таҳмина Хоҷаева (62 кг) – ҳарду аз Тоҷикистон, ғолиб шуданд.

Дар сабқати духтарон варзишгарони тоҷик Шукрона Шарифова (44 кг), Бунафшаи Сайдалӣ (55 кг) ва Шаҳноза Аскаралиева (63 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд. Варзишгарони тоҷик Сафарбек Тошматов (48 кг), Сӯҳроб Шоев (55 кг), Камоли Абдусаттор (63 кг) ва Суннатулло Шеров (73 кг) байни навҷавонон пирӯз гардиданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи пумсе варзишгарони Тоҷикистон Эраҷ Ким ( то 25-солаҳо), Александр Ёқубов (то 30-солаҳо), Эраҷ Мирзоев (то 35-солаҳо), Артур Ким (аз 35-сола боло) ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуданд.

Ба ин тартиб дар ҳисоби дастаӣ тими Эрон байни бузургсолон мақоми аввалро касб кард. Дастаи Тоҷикистон дуввум шуд. Тими Кореяи Ҷанубӣ дар ҷои севум қарор гирифт.

Дастаи Тоҷикистон дар сабқати навҷавонон ғолиб гашт. Тими Афғонистон ҷои дуввум ва дастаи Узбакистон ҷои севумро касб карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ҷавоизи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи таеквон-до WTF-и кишвар мукофотонида шуданд.

Муҳаммадризо Ризоӣ, сармураббии тими Эрон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Мусобиқа дар сатҳи хуб баргузор шуд. Ман фикр мекунам, ҷавонони тоҷик ангезаву равони хубе доранд ва метавонанд ояндаи дурахшоне дошта бошанд. Фақат камбудӣ камтаҷрибагии онҳост. Агар минбаъд дар мусобиқоти байнулмилалӣ бештар ширкат кунанд, боз беш аз ин беҳтар мешаванд».
XS
SM
MD
LG