Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин посгоҳи "Кӯкнор-2009" бардошта шуд


Посгоҳи Лабиҷар, ки дар 150-километрии шарқи Тоҷикистон воқеъ буд ва бо шурӯъи амалиёти «Кӯкнор-2009» гузошта шуда буд, ахиран бардошта шуд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ин нуқтаи назорати пулис дар пайи анҷоми амалиёт гирифта шуд.

Дар чаҳорчӯби амалиёти «Кӯкнор-2009» дар Тавилдара амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи Неъмат Азизов сурат гирифта буд. Ба иттилоъи расмӣ, зимни ин амалиёт 11 узви ин гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо шумули панҷ шаҳрванди Русия ва Қазоқистон ва як сарбози ҳукуматӣ кушта гардид. Ҳамзамон, дар амалиёте, ки беш аҳ як моҳ идома кард, собиқ вазири ҳолоти изтирории кишвар ва аз фармондеҳони собиқ мухолифи ҳукумат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мирзо Зиёев ба ҳалокат расид.

Посгоҳи назоратӣ дар Лабиҷар, ки бо шурӯъи амалиёти «Кӯкнор-2009» гузошта шуда буд, ба гуфтаи аксари мусоҳибони мо, дар ҷилагвирӣ аз убур ва мурури ашхоси силоҳбадаст аҳаммияти бузург дошт. Ин дидбонгоҳ дар маҳалле ҷо гирифта буд, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо аз як сӯ ба Бадахшон ва аз сӯи дигар ба минтақаи Рашт мепайвандад.

Далер Сафаров, як сокини ноҳияи Ҷиргатол, мегӯяд, ҳарчанд муносибати намояндагони пулис дар посгоҳи Лабиҷар бо мардум хуб буд, вале ҳаводиси тобистони соли равон дар Тавилдара ҳамон хотироти талхи ҷанги шаҳрвандиро ба ёди мардум меовард. Ӯ мегӯяд, вақти гузаштан аз посгоҳ худро нороҳат ҳис мекард.

Ҳамакнун, аксари мардуми оддӣ, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, бардошта шудани посгоҳи Лабиҷарро далели ором шудани вазъ дар минтақа арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG