Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба Кобул дасти ёрӣ дароз мекунад


Вазири умури хориҷии Қазоқистон Қаноат Савдабоев дирӯз, дар пайи бозгашт аз сафари Афғонистон гуфт, Қазоқистон ба Афғонистон гандум содирот карда, дар омӯзиши муттахассисон, сар карда аз табибону устодони макотиб то маъмурони пулису марзбонҳои афғон низ саҳм хоҳад гирифт.
Савдабоев дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай масоили ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардааст.
Ӯ гуфт, ки Қазоқистон тайи 5 соли оянда ба манзури омӯзиш додани муттахассисони афғон ҳудуди 50 миллион доллар масраф хоҳад кард. Ин маблағ ҳазинаи таҳсили 200 донишҷӯи афғон дар донишгоҳҳои Қазоқистонро низ дар бар мегирад.
Савдабоев дар Кобул дар расми муаррифии нашри форсии китоби раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номи “Роҳи Қазоқистон” низ ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG