Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаро Басеску ва Ҷеоана идома хоҳанд дод


Назарсанҷиҳои дар ҷараёни интихоботи рӯзи якшанбеи раёсатҷумҳурии Руминия анҷомшуда ҳокист, ки раисиҷумҳури кунунӣ Траян Басеску дар даври аввал бо фарқи андаке пешсаф аст. Номзади ҳизби либерал-демократ Басеску, бино бар ин назарсанҷиҳо, аз 33 то 34 дарсад ва рақиби ӯ аз ҳизби сотсиал-демократ Мирчеа Ҷеоана аз 31 то 32 фоиз раъйи мувофиқи мардумро ба даст овардаанд. Даври дуввуми раъйгирӣ ба рӯзи 6 декабр таъйин шудааст. Салоҳиятҳои раисиҷумҳур дар Руминия асосан рамзист, вале ӯ ҳаққи пешбарии номзад ба сарвазириро дорад. Сарвазири нав бояд кобинаи эътилофиеро ташкил кунад, ки ҷойгузини ҳукумати дар моҳи октябр суқуткардаи сарвазир Эмил Бок хоҳад шуд. Суқути он кобина монеъи ироаи 20 миллиард доллар кӯмаки Сандуқи байналмилалии пул ба Руминияи бӯҳронзада шудааст.
XS
SM
MD
LG