Пайвандҳои дастрасӣ

Пешрафт дар музокироти сарнавишти Қаробоғ


Миёнҷиҳои байналмилалӣ дар баҳси давомдори сарнавишти вилояти ҷудоиталаби Кӯҳистони Қаробоғ мегӯянд, раҳбарони Озарбойҷону Арманистон дирӯз дар Мюнихи Олмон бар сари ин мавзӯъ ба пешрафтҳои муҳим даст ёфтаанд.
Бернар Фассер, намояндаи Фаронса дар гурӯҳи Минск, ки САҲА ба хотири ҳалли масъалаи Қаробоғ таъсис додааст, гуфт, Илҳом Алиев ва Серж Саркисисён дирӯз дар музокироти чорсоатаи худ дар Мюних мавзӯъҳои то кунун матраҳношударо ҳам баррасӣ кардаанд. Аммо ӯ афзуд, ки бархе мушкилот дар ин миён боқӣ мемонад.
Дар арафаи ин музокирот раисиҷумҳури Озарбойҷон ҳушдор дода буд, ки агар музокирот ба нокомӣ анҷомад, нирӯҳои кишвараш омодаанд бо истифода аз нирӯ ин вилояти ҷудоиталабро пас бигиранд. Бернар Фассер аммо гуфт, дар Мюних ду раҳбар ба хулосае омаданд, ки ҷанг роҳи ҳалл нест.
Қаробоғ, ки аксари ҷамъияташро арманиҳо ташкил медиҳанд, дар авоили солҳои 90 баъди чанд соли ҷанг бо Озарбойҷон, худро аз Боку мустақил эълон кард.
XS
SM
MD
LG