Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ба Лоя Ҷирга даъват хоҳанд шуд?


Сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки Карзай ба хотири пайдо кардани роҳи сулҳу оштӣ бо Толибон метавонад ҷангиёнро ба Лоя Ҷирга, маҷлиси пирони қабоил ва шахсиятҳои обрӯманди ин кишвар, даъват кунад.
Хабаргузории Ройтерс аз қавли Ҳамид Илмӣ навишт, ки давлат рӯи ду роҳ фикр мекунад, ки яке даъвати Лоя Ҷирга бидуни ҳузури ҷангиён аст, ки роҳҳои оштӣ бо Толибонро баррасӣ кунад. Роҳи дуввум, ба гуфтаи сухангӯи Карзай, даъвати бархе аз ҷангиён ба ин анҷуман аст.
Карзай зимни маросими адои савгандаш дар ҳафтаи гузашта эълон кард, ки мехоҳад ба манзури ташвиқи раванди сулҳ Лоя Ҷиргаро даъват кунад. Раҳбарони Толибон аммо гуфтаанд, то замони дар Афғонистон боқӣ мондани нирӯҳои хориҷӣ бо Ҳомиди Карзай музокирот нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG