Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯсавӣ: "Давлат тарсдиҳии мухолифинро бас кунад!"


Раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ гуфт, давлат бояд тарс додани мардум ба хотири тағйири дидгоҳи сиёсии онҳоро бас кунад. “Калима”, сомонаи интернетии Мӯсавӣ аз қавли ӯ навишт, ки ин тарсдиҳӣ монеъи ҷунбиши мухолифин дар Эрон нахоҳад шуд ва мухолифин омодаанд барои ақидаи худ ҳар навъ қиматро бипардозанд.
Дар пайи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн Эронро мавҷи эътирозоти густарда ва аз замони инқилоби исломии соли 1979 бесобиқа фаро гирифт. Давлати Эрон то кунун таъқиби мухолифини низомро идома медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG